Вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Молдова

12.06.2026 17:33

11 июни соли 2026 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова хонум Корина Кэлугэру баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир шуд, ҷонибҳо дар атрофи роҳҳои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Молдова дар самтҳои мухталиф, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори назар намуданд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ин ҷониб барои тасмими муштарак ҷиҳати нигоҳ доштани низоми бераводид миёни кишварҳои мо пас аз хуруҷи Ҷумҳурии Молдова аз санадҳои оинномавии ИДМ изҳори сипос намуд.

Таъкид шуд, ки ин иқдом минбаъд низ ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Молдова мусоидат хоҳад кард.

Пешниҳод гардид, ҷонибҳо масъалаи баргузор намудани Машваратҳои байни ввзоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Молдоваро то охири соли равон дар шаҳри Кишинёв баррасӣ намоянд.

Корина Кэлугэру ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар чорабинии муҳимми иқтисодӣ - Ҳафтаи тиҷорати Молдова, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2026 баргузор мешавад, иштирок намояд.

Дар мулоқот Директори Раёсати робитаҳои дуҷониба Игор Бодю ва Мушовири Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ВКХ Молдова Олег Хинку низ иштирок доштанд.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Лилиан Морару баргузор шуд.

Дастгирии ҷониби Молдова аз пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани низоми бераводид миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова баёнгари майли ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.

Сафири Тоҷикистон дар робита ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори назар намуда, аз ҷониби молдовӣ изҳори хоҳиш кард, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рафтуомади онҳо ба Украина тавассути гузаргоҳи сарҳадии фурудгоҳи ҳавоии Кишинев мусоидат кунад.

Дар фароҷоми мулоқот таҳкими пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова омили муҳими рушду тавсеаи муносибатҳои наздику судманди ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg