12 июни соли 2026 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Молдова Кристиан Жардан доир гардид.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои байни кишварҳои мо, бахусус роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова дар соҳаи гуманитарӣ-фарҳангиро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робитаҳои судманд, аз ҷумла табодули сафарҳои гуруҳҳои ҳунарӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар соли равон, ки ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ҷумҳурии Молдова 35-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд, муҳим мебошад.