Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Директори Дафтари миллии сайёҳии Молдова

13.06.2026 11:45

12 июни соли 2026 дар шаҳри Кишинёв вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Директори Дафтари миллии сайёҳии Ҷумҳурии Молдова хонум Анна Сандра баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки имкони муколамаи созандаро дар бораи рушд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ фароҳам овард, ҷонибҳо масъалаҳои таблиғоти мутақобилаи маконҳои сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муайян кардани имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ карданд. Ба хотири тақвияти ҳамкориҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар ҷодаи рушди сайёҳӣ ба роҳ мондани табодули таҷрибаи байнисоҳавӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои фарогири сайёҳӣ ва ҷалби хоҳишмандон барои боздид аз Тоҷикистону Молдова бо мақсади сайру сайёҳӣ, сафарҳои гурӯҳии рӯзноманигорон (пресс-тур)- ҳоро роҳандозӣ намоянд.

Нуктаи асосии муҳокимаҳо ҳамчунин ташаббуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова буд, ки соли 2026 ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи чунин чорабиниҳо таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва иқтидори сайёҳии ду кишвар буда, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардуми мо мусоидат хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg