Боздиди Сафири Тоҷикистон аз деҳаи Кожушнаи Молдова

14.06.2026 13:10

13 июни соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода зимни сафари корӣ ба Кишинев аз деҳаи Кожушна, ки яке аз маконҳои зеботарини сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Молдова буда, дар масофаи чанд километр аз шаҳри Кишинёв ҷойгир аст, дидан намуд.

Бо тавсияи Дафтари миллии сайёҳии Ҷумҳурии Молдова ва роҳбаладии Котиби Шӯрои маҳалли Кожушнаи ноҳияи Страшенск хонум Светлана Фулга Сафири Тоҷикистон зимни сафар ба ин мавзеъ аз Кохи фарҳангӣ, боғчаи кӯдакон, ибодатгоҳи православӣ дидан кард. Қисми муҳими нақшаи сафарро шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои хурди оилавӣ оид ба виносозӣ, парвариши ангур ва истеҳсоли бочкаҳои шаробгирӣ ташкил дод. Ин корхонаҳои оилавӣ дар доираи барномаҳои дастгирии соҳибкории хурд фаъолият доранд ва омӯзиши таҷрибаи онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Анҷомбахши барномаи боздид шиносоӣ бо фаъолияти маҷмааи бузурги винобарорию сайёҳии “Chateau Cojusna” гардид. Маҷмаа, ки бо услуби фаронсавӣ ва фазои қалъаи бонуфуз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Григорий Пануш сохта шудааст, меъмории зеборо бо анъанаҳои миллию аҷдодии шаробсозии Молдова ҳамоҳанг месозад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg