Машваратҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина

23.06.2026 15:46

22 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Нигина Ализода ва Александр Мишенко баргузор гардид.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазам дар сатҳҳои гуногунро таъкид намуданд.

Машваратҳо дар фазои дӯсти ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg