16 июли соли 2026 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, Давлаталӣ Назризода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Украина, Олександр Мишенко, ки ҳамоҳангсозии робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказиро бар уҳда дорад, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо дар масъалаҳои марбут ба рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор доданд.