Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон дар Украина

18.08.2026 23:40

14 августи соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Украина ҷаноби Анджани Кумар баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор шуд, ҳамсӯҳбатон зимни арзёбии сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карда, бар аҳаммияти идомаи гуфтугӯ ва таҳкими ҳамкории созанда миёни намояндагиҳои дипломатӣ дар кишвари будубош таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg