20 августи соли 2026 дар Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Академияи миллии илмҳои Украина, академик Анатолий Загородний баргузор гардид.
Иштирокчиёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минбаъдаи байни Академияҳои миллии илмҳои Тоҷикистон ва Украинаро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти омӯзиши имконоти лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ, мубодилаи тадқиқотчиён ва таҷрибаомӯзӣ барои олимони ҷавон, баргузории симпозиумҳо ва конфронсҳои дуҷониба ва нашри мақолаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ба мувофиқа ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар мулоқот ҳамчунин ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Украина ва роҳбари бахши илмҳои кимиё ва биологӣ, академик Владимир Радченко, академик-котиби кафедраи биологияи умумӣ, академик Сергей Афанасев, роҳбари шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Украина Анатолий Мирончук, директори Боғи миллии ботаникии ба номи М. М. Гришко, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина Наталя Займенко ва муовини директори Боғи миллии ботаникии ба номи М. М. Гришко, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина Ҷамол Раҳметов иштирок намуданд.