20 августи соли 2026 дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири адлияи Украина Денис Маслов сурат гирифт.
Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни мақомоти адлияи ду кишвар, густариш додани пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо, расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина зист доранд ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.