Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Печерскийи шаҳри Киев

27.08.2026 00:07

25 августи соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо раиси ноҳияи Печерскийи шаҳри Киев Наталья Кондрашова баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот, ки дар фазои кушод баргузор шуд, директори Боғи миллии ботаникии ба номи М. М. Гришко, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина Наталя Займенко ва муовини директори Боғи миллии ботаникии ба номи М. М. Гришко, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина Ҷамол Раҳметов иштирок намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg