Мулоқот бо соҳибкорони Ҷумҳурии Арабии Миср

14.05.2022 12:25

14 майи 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Арабии Мисрро, ки ба мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти коршарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар бо дарназардошти зарфиятҳои фаровони мутақобила табодули афкор намуданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

14.05.2022.12.54.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg