Таҷлили “Рӯзи Тоҷикистон дар АДА”-и шаҳри Боку

17.05.2022 07:57

13 майи соли 2022 дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Боку ва дастгирии роҳбарияти Академияи мазкур чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯзи Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон” баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки зимни чорабинӣ гӯшаи миллии Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар бо дарҷи таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сузанӣ ва намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан, асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошои меҳмонон ва донишҷуён гузошта шуд.

Дар охири чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб оид ба таърихи навин, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамоиш Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев, ноиби Ректор Фариз Исмаилзаде, инчунин устодону донишҷуёни маҳаллӣ ва хориҷии он ширкат варзиданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

17.05.2022.13.27.jpg

17.05.2022.13.28.jpg

17.05.2022.13.29.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg