Брифинг бахшида ба  “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

17.05.2022 16:51

17 майи соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) брифинги Сафири Тоҷикистон дар Чин бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи брифинг намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи об ва экология, намояндагони  кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколомавии СҲШ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти омодагӣ ба Конфонси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери мавзӯи “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Зимнан, ба иштирокчиёни брифинг маълумоти муфассал оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мақсад ва натиҷаҳои интизоршаванда марбут ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотӣ манзур гардид.

Дар фарҷоми брифинг, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони ҳавасмандро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Конфронси байналмилалӣ даъват кард.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

18,05,2022,8,11.jpg

18,05,2022,8,12.jpg

18,05,2022,8,10.jpg

18,05,2022,8,13.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg