«Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

26.05.2023 14:38

 

26.05.2023.15.15.jpg

24 майи соли 2023 бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии “Куллиёти Мавлоно” аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон муштаракан сурат гирифта, ба баррасии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим ва фақеҳи ислом,  яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои  кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта,  дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg