30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

11.08.2023 16:36

11 августи соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷӣ ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳамоиши ҷашнӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин ва Директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Амир Пирич, инчунин Вазири фарҳанг, Вазири маориф ва илм, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Душанбе иштирок карданд.

Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ бо ёдоварӣ аз таърихи пурмазмуни муносибатҳо бо ЮНЕСКО, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, ба татбиқи иқдомҳо дар ҷодаи ҳифз ва пойдории сулҳу равобити дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон тавассути илму маориф ва фарҳанг аҳамияти махсус медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷумла қайд кард, ки: “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, инчунин дар сатҳи шоиста ташвиқу тарғиб намудани онҳо пайваста ҳидояту роҳнамоӣ мекунанд, ки ин таваҷҷуҳи вежа ва назорати роҳбарияти олии ҷумҳуриро дар самти мазкур ифода мекунад.

Дар ин зимн, мо бо истифода аз абзори ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ЮНЕСКО, аз ҷумла ба василаи баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва гузаронидани пажуҳишҳои муштараки илмию амалӣ, баҳри ҳифзи мерос ва дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ, инчунин муаррифии ҳадафмандонаи онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам саъю талошҳо анҷом медиҳем”.

Раванди густаришёбанда ва дурнамои боэътимоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар заминаи комёбиҳои муштараки то кунун ба даст омада, ҳамчунин дар суханронии Амир Пирич, таъкид гардид.

Зимнан, ба сифати намунаҳо аз дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, дар толори Осорхонаи миллӣ ҳунарҳои чакандузӣ, адрасбофӣ, оростани дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин ҳамчун рамзҳои Наврӯз, шашмақомхонӣ, фалаксароӣ, оши палав ва абрешимбофӣ муаррифӣ гардиданд.

Меҳмонони дохилию хориҷии ҳамоиш аз ҳунарнамоии беҳамтои ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, ки лаҳзаҳои театриро аз осору эҷодиёти Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин иҷро карданд, таасуроти ғаниву ҷаззоб бардоштанд. Ҳамчунин асарҳои миниатюрии Олим Камолзода ва духтари ӯ Бону, мусаввараҳои кӯдакони шаҳри Ваҳдат ва осори марбут ба ҳунари кулолгарӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуданд, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд.

Бахши фарҳангии ҳамоишро таронаи мардумии “Биё равем чойхона” ва навои дилнишини ғижжак дар иҷрои ҳунармандони Ҳисору Душанбе хеле рангин сохт.

Барои меҳмонони чорабинӣ фурсати муносибе буд, ки аз гӯшаи таърихии Саразм ва имитатсияи ёдгории шаҳраки “Тахти сангин”-и 2500-сола дидан намуданд.

Зимнан, қобил ба тазаккур аст, ки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар тули 30 соли ҳамкории созанда бо ЮНЕСКО, бо саъю талошҳои мудовим мавзеъҳои зиёди антиқию таърихӣ, осорҳои нобиғагони илму адаби тоҷикон ва эҷодиёти нотакрори санъати миллиро ба феҳристҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ ворид кардааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg