Муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон

23.12.2020 13:35

Равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон: Шарифӣ Саъдӣ аз 28 сентябри 2020.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз 28 январи 2020.

Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуд.

13 июли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Дар давоми 28 соли муносибатҳо дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001, 2006,  2013 ва 2016 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2010 ва 2014 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисод, тиҷорат, об, энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ нақши муҳимро мебозанд. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва як ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ доир гардидаанд.

Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон рӯ ба инкишоф доранд. Имрӯз Афғонистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми намоён дорад.

Дар соли 2019 мубодилаи мол байни ду кишвар 106 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки бештар аз 100 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд. Он асосан аз содироти барқ, семент, нахи пахта, маҳсулоти сохтмон, нӯриҳои минералӣ, хӯрока, меваҷот ва сабзавоти Тоҷикистон иборат аст.

Дар ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Афғонистон энергетика ва зерсохтор-самти афзалиятнок доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 500 нафар шаҳрванди Афғонистон таҳсил мекунанд.

Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад. То ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg