Суханронӣ дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт”

10.09.2019 19:35

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо дар доираи сафарҳои кории мо ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳхо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони соховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳар як шаҳраку деҳот, ноҳия ва шаҳрҳои кишварамон тибқи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди инфрасохтори замонавӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда, шароити зиндагии сокинони кишвар торафт беҳтар шуда истодааст.

Имрӯз мо корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик – деҳоти Кангуртро оғоз бахшидем, ки ин иқдом боз як қадами устувори дигар дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар кишварамон мебошад.

Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистони маҳбубамон дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, инчунин, як силсила лоиҳаҳо барои бунёди роҳҳои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ татбиқ шуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси кишварамон рушди инфрасохтори соҳаи нақлиёт ба маблағгузориҳои нисбатан калонҳаҷм эҳтиёҷ дорад ва бе сармоягузории ватаниву хориҷӣ мушкил мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 2800 километр роҳҳои мошингард, 5 нақби нақлиётӣ ва 405 пулҳои мошингузар бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб 5,5 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва таъмиру сангфарш карда шудаанд.

Танҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳоло 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавсозии 316 километр роҳ ва 25 пул мавриди татбиқ карор дорад.

Аз ҷумла роҳи мошингарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг бо дарозии 43 километр аз нав бунёд гардид ва чанде пештар ба истифода супорида шуд.

Барои таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ – Ҳулбук – Темурмалик - деҳоти Кангурт, ки имрӯз оғоз гардид аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Рушди Осиё зиёда аз 200 миллион сомонӣ равона мегардад.

Лоиҳаи зикршуда дар муҳлати ду сол амалӣ гардида, дар арафаи 30 - солагии истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Бояд гуфт, ки роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт яке аз роҳҳои асосии душворгузар ва дорои релйефи вазнин буда, таҷдиди 58 километр роҳро талаб мекунад.

Роҳи мазкур аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик мегузарад ва шумораи умумии аҳолӣ дар ин минтақа зиёда 280 ҳазор нафарро дар бар мегирад, яъне роҳ аз деҳаҳои сераҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик гузашта, алоқаи нақлиётиро аз самти ҷанубу шарқ байни ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Ховалинг таъмин менамояд.

Барқарорсозии роҳи мазкур ҳаракати мунтазам ва бехатари воситаҳои нақлиётро байни деҳаҳо ва маркази ноҳияҳо таъмин намуда, мушкилоти бисёр ҷиддии аҳолиро бартараф месозад. Зеро дар натиҷаи истифодабарии тӯлонӣ ва бо сабаби таъсири офатҳои табиӣ бисёр қисматҳои роҳ ниҳоят харобу валангор шудааст.

Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи кишвар, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Бовар дорам, ки баъди таҷдиди роҳ аз ҳисоби хизматрасониҳои босифат ва саривақтии нақлиётӣ некӯаҳволии аҳолӣ беҳтар мегардад ва инчунин, барои рушди сайёҳӣ низ имкониятҳои хуб фароҳам оварда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияҳое, ки роҳи мазкур аз ҳудуди онҳо мегузарад, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтории зарурӣ барои ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё барои дастгириву ҳамкориҳои созанда миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.

Ба роҳсозону масъулони лоиҳаи мазкур барори кор орзу карда, таъкид менамоям, ки ба сифати корҳо ва муҳлати муқарраршуда аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону азнавсозии зиёда аз 230 иншоот пешбинӣ гардидааст. Аз ин ҳисоб то имрӯз 65 иншоот ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ дар чандин деҳаи ноҳия, маҷмааҳои хизматрасонӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, хатҳои оби нӯшокӣ ва даҳҳо майдончаи варзиш дар маркази шаҳрак ва деҳоти ноҳия мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар иншооти зикршуда қариб 150 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст. Илова бар ин, муассисаи таълимии рақами 2 дар деҳаи Арал барои 1240 ҷойи нишаст аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва бо дастгирии шахсони саховатпеша пурра азнавсозӣ ва бо таҷҳизот таъмин гардида, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ идома дорад.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия бо ҳиммати соҳибкорон 12 чоҳи амудӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ канда шуда, 12 километр хатти оби нӯшокӣ, зиёда аз 6 километр роҳ мумфарш, 28 километр роҳу кӯчаҳо сангфарш, 9 километр роҳу кӯчаҳо равшаннамоӣ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкорони саховатманди ноҳия ба муассисаҳои таълимӣ 6200 мизу курсӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Ҳоло аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия бунёди як силсила иншоот пешбинӣ шудааст.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи кимиёвии шустушӯи либосу зарфҳо бо таъсиси 100 ҷойи кори нави иловагӣ дар ҳудуди корхонаи намаки “Хоҷамӯъмин”, корхонаи атласу адрасбофӣ дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо таъсиси 150 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар деҳаи Пшёни Поён, барқарорсозии мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”, маркази саломатии замонавӣ дар деҳаи Арал бо таъсиси зиёда аз 20 ҷойи корӣ, марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Арал ва Меҳробод бо зиёда аз 40 ҷойи корӣ, бинои нави таълимӣ барои 620 ҷойи нишаст дар деҳаи Заркамар, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 23 деҳаи Осмонбика ва ҳавзи шиноварӣ, 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии рақами 37, литсей барои хонандагони болаёқат барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Восеъобод, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, якчанд майдончаи бозии кӯдакон дар маркази ноҳия ва азнавсозии пурраи боғи марказии фарҳангу фароғати ноҳия аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Илова бар ин, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1250 ҷойи нишаст дар деҳаи Тосқалъа, варзишгоҳи марказии ноҳия бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳраки Ҳулбук (Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ), қасри фарҳанг дар маркази ноҳия бо 500 ҷойи нишаст, шабакаҳои обу корез, инчунин, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ идома дорад.

Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон” барқарорсозӣ ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳия ва тавассути амалисозии лоиҳаи

“Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” кандани чоҳҳои амудӣ ва сохтмони иншооти захираи оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Заркорон, Меҳнатобод, Пушён, Ҳасан Қурбонов, Ҳулбук ва тибқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии қалъаи “Ҳулбук” ба нақша гирифта шудаанд.

Сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии боз ҳам бештари кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тибқи маълумот имрӯзҳо дар ноҳияи Восеъ татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 310 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлилҳо нақшаи корҳои ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик низ босуръат идома дошта, аз 270 лоиҳаи пешбинишуда то имрӯз 100 иншоот ба истифода супорида шудааст, ки албатта, қобили таҳсин мебошад.

Таъкид месозам, ки Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар буда, саҳми он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва сабзавоту мева хеле назаррас аст.

Роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони ноҳия бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои аз як замин гирифтани ду-се ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани содирот, инчунин, рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми захираҳоро сафарбар намоянд.

Бовар дорам, ки бо амалӣ шудани лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик – деҳоти Кангурт, инчунин, бо иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду – се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле ободу зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад.

Дар охир, сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмаликро ба ифтихори 28 - солагии истиқлоли давлатӣ ва оғози лоиҳаи муҳимми имрӯза табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

48714272888-9a1064f179-o-16-10-2019-1040.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg