Ҷавоншер Ҳайдарӣ даргузашт

22.01.2020 09:36

Шаби 20 ба 21 январи соли равон Раиси Иттиҳоди синамогарони Афғонистон ва шахсияти фаъоли иҷтимоӣ Ҷавоншер Ҳайдарӣ ба синни 68- солагӣ бар асари сактаи  қалбӣ дар шаҳри Кобул даргузашт.

    Ҷавоншер Ҳайдарӣ фарҳангӣ ва ҳунарманди маъруф буда, тайи беш аз 40 сол барои рушди синамои Афғонистон хидмати арзанда намуд. Ӯ пуштибон ва ҳимоятгари қавии фарҳангиён ва ҳунармандон буд.

    Ҷавоншер Ҳайдарӣ аз дӯстони самимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардум ва фарҳангиёни мо буд. Ӯ дар саргаҳи таъсиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон қарор дошт ва узви Раёсати он буд. Ӯ ба ҳайси сарвари шуъбаи Пайванд дар Афғонистон барои густариши фаъолияти он талоши фидокорона дошт.

      Ҷавоншер  Ҳайдарӣ бо мақомоти давлатӣ ва фарҳангиёни Тоҷикистон равобит ва ҳамкории наздик ва созанда дошт. Ӯ чанд филм ва маводи ҳуҷҷатӣ дар мавриди корномаҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия намудааст.

     Марги ин фарҳангии пурталоши кишвари дӯст талафоти  ҷиддӣ аст.

                            Равонаш шод бод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg