Гиромидошт аз устод Бобоҷон Ғафуров дар Кобул

02.01.2020 16:07

31 декабри 2019 дар Муҷтамеи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муносибати 111- мин солгарди устоди фарзона ва нашри нави шоҳасари илмии ӯ “Тоҷикон” нишасти илмӣ – фарҳангӣ таҳти уновони “Бобоҷон Ғафуров – сиёсатмадор, донишманд, пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо” баргузор гардид. Дар он донишмандон ва фарҳангиёни шинохтаи Афғонистон ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Имом дар бораи зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва корномаи илмии устод гузориши муфассал пешниҳод намуд. Ӯ “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро шоҳасари бунёдии илмӣ ва академикӣ тавсиф намуд, ки назири он дар минтақа вуҷуд надорад.

Донишмандон ва фарҳангиёни шинохта – Сайид Махдум Раҳин, Муҳайиддин Маҳдӣ, Соҳибназар Муродӣ, Залмал Ҳиводмал, Ғулом Муҳаммад Муҳаммадӣ, Абдулғафур Орзу ба ҷанбаҳо ва самтҳои гуногуни фаъолияти доманадори илмӣ, фарҳангӣ ва гуманистии устоди фарзона пардохта, ӯро шахсияти бузурги сиёси ва илмӣ ва пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо арзёбӣ намуданд. Онон таваҷҷуҳи хоси Б. Ғафуровро ба кишвар ва илму фарҳанги Афғонистон бахусус зикр намуда, аз ҳимоят ва хидматҳои арзандаи ӯ бо сипосу эҳтиром ёдоварӣ намуданд.

Дар ҷамбаст Сафири ҶТ навиди некро расонид: бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шоҳасари устод “ Тоҷикон” бо сифати баланд нашр ва ба ҳар хонаводаи кишвар аз номи Пешвои миллат тақдим хоҳад шуд.

Ҳозирон ин иқдомро таърихӣ ва арзишманд хонданд.

Дар поёни нишаст ба ширкатдорон  нашри нави дарии “Тоҷикон” тақдим гардид.

22.jpg

11.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg