Дидори Сафир бо ҳайати раҳбарии Утоқҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ

06.02.2020 11:44

Дар Муҷтамеи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири ҶТ Шарофиддин Имом бо ҳайати раҳбарии Утоқҳоитиҷорат ва сармоягузории Афғонистон доир гардид.

     Сафир нахуст эшонро ба интихоб шудан ба маҷомоти масъули Утоқ самимона табрик намуда  дидгоҳ ва назари эшонро ҷуё шуд.

      Раиси умумии Утоқҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ Таваккал Аҳмадёр, муовинони ӯ  - Хайриддин Моил, Назир Аҳмад Араб ва Раиси иҷроия Саид Замон Ҳошимӣ  назариёти худро дар мавриди ҳолати кунунии ҳамкории ду кишвари дӯст ва роҳҳои рушди босуръати он (бахусус, афзоиши содироти Афғонистон) иброз доштанд.

     Сафири ҶТ стратегияи рушди миллӣ ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистонро  дар соли 2019 баён дошта таъкид кард, ки потенсиали бузурги сатҳи нави ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст. Вале ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар бо вуҷуди рушди сареъ дар соли 2019 (минҷумла беш аз 40% афзоиш ёфтани мизони мубодилаи мол нисбат ба соли 2018 ва қариб 500 миллион киловатт-соат  бештар интиқол додани неруи барқ нисбат ба соли 2018) ҳанӯз   посухгӯи имконот ва заруратҳо намебошад.

    Сафири ҶТ ҳайати раҳбарӣ ва доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро даъват намуд дар созмондиҳии намоишгоҳҳо, имзои қарордодҳои тиҷоратӣ, хариди молу маҳсулоти Тоҷикистон, мусоидат дар транзити тиҷоратӣ нақши фаъолтар дошта бошанд. Ӯ ба аҳамият ва суди бузурги сармоягузорӣ дар кишвари мо (бахусус, дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Ишкошим”) таъкид кард.  Ҳамзамон иброз дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ, хаттҳои интиқоли барқ, системаҳои обёрӣ ширкат намояд ва Афғонистонро бо барқи нисбатан арзон таъмин намояд.

      Сафири ҶТ ба меҳмонон маводи иттилоотӣ дар бораи намоишгоҳҳои “Тоҷикистон”(баҳор ва тирамоҳ) пешниҳод намуд ва хоҳони ширкати фаъоли соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони кишвари дӯст дар ин намоишгоҳҳо шуд.  Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд намоишгоҳи молу маҳсулоти Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

   Ҳарду ҷониб ба равобит ва ҳамкории наздик таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg