Баррасии барномаҳои афзали ҳамкорӣ

17.02.2020 13:16

16 феврали соли 2020 дар нишасти хоси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо И.В. вазири молия, Мушовири аршади Раиси ҶИА дар умури зербиноҳо ва Намояндаи хоси Раиси ҶИА дар умури ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, И.В. вазири транспорт Ямо Шамс  ва Раиси ширкати “Брешно” Амонуллоҳ Ғолиб барномаҳои афзали ҳамкории инфраструктурӣ ва энергетикии ду кишвари дӯст мавриди баррасии амиқ ва мушаххас қарор гирифтанд.

 Таъкид гардид, ки масоили техникӣ, молиявӣ ва ташкилии роҳи оҳани Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён – Шерхонбандар бо талоши фаъол ва ҳамоҳанги ду ҷониб ҳарчи зудтар ҳаллуфасл шуда, сохтмони он дар соли равон оғоз гардад. Ҳамзамон корҳои омодагӣ барои оғози сохтмони роҳи оҳани стратегии Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон суръат гиранд.

Дар самти ҳамкории энергетикӣ зарурати интиқоли барқи бештар ба Афғонистон, суръати бунёди хатти бузурги интиқоли барқи Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон (КАСА -1000) ва омодасозии ҳарчи зудтари заминаи оғози сохтмони хатти 500 киловолтии Душанбе – Пулихумрӣ – Кобул  таъкид гардида,  иқдомот  ва чорабиниҳои амалӣ ва муассир мувофиқа гардиданд. Қобили зикр аст, ки кишвари мо аз ҷумлаи бузургтарини содиркунандагони неруи барқ ба Афғонистон аст: дар соли 2019 ба ин кишвар 1 миллиарду 464 миллион киловатт – соат неруи барқ содирот гардид, ки нисбат ба соли 2018 50% зиёд аст. Кишвари мо бо анҷоми сохтмони иншооти азими аср – Неругоҳи обии барқии “Роғун” қодир хоҳад буд тамоми ниёзмандии Афғонистонро бо барқ таъмин намояд ва солона аз тариқи Афғонистон ҳудуди 7 миллиард киловатт - соат барқ ба Покистон содирот намояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg