31 июли соли 2020 сиёсатмадори собиқадор, шоири номдори Афғонистон ва дӯсти самимии донишмандони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон Сулаймон Лоиқ дар синни 90-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Сулаймон Лоиқ моҳи сентябри соли 2019 дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Шашдараки Кобул ҷароҳати сангин бардошта, баъди табобати тӯлонӣ дар Кобул, Ҳиндустон ва Олмон, бар асари ин ҷароҳат дар Олмон даргузашт. Қарор аст пайкари ин чеҳраи саршиноси кишвар барои адои маросими видоъ ва хоксупорӣ ба Афғонистон оварда шавад.
Ғулом Муҷаддид Сулаймон Лоиқ соли 1930 дар вилояти Пактикои Афғонистон ба дунё омада, овони кӯдакиро дар Пактико, навҷавониро дар Бағлон ва ҷавониро дар Кобл сипарӣ кардааст. С.Лоиқ аз хонаводаи рӯҳонӣ буд ва ба далели ширкат дар эътирозоти донишҷӯии зиддиҳукуматӣ дар даҳаи 50-и қарни XX аз Донишгоҳи Кобул хориҷ карда шуд.
Сулаймон Лоиқ аз муассисон ва афроди раҳбарии Ҳизби демократики халқи Афғонистон ва Ҳизби Ватан ба шумор мерафт ва дар мақомҳои раҳбарии ин аҳзоб ва низоми парчамӣ фаъолият намуд. Сулаймон Лоиқ аз муассисони Академияи улум дар Афғонистон ва нахустин Раиси он буд. Вай бо суқути ҳукумати Наҷибулло (1992) ба Олмон рафт ва пас аз суқути режими толибон (2001) ба Кобул баргашт.
С.Лоиқ аз ҷавонӣ ҳамчун шоири боистеъдод, пурталош ва тозаэҷод дар ҳарду забони расмии Афғонистон – дарӣ ва пашту шинохта шуд. Аз ҳамон айём (яъне солҳои 60-уми қарни XX) ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ашъори ҷаззоб ва зебои Сулаймон Лоиқ ошно шуд. Ашъори ӯ дар Тоҷикистон нашр гардид ва мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифт. Ба зудӣ риштаи дӯстӣ ва ҳамкории Сулаймон Лоиқ бо шоирон, олимон ва фарҳангиёни Тоҷикистон – устод Мирзо Турсунзода, устод Муҳаммад Осимӣ, шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ барқарор ва тайи солҳои баъдӣ тақвияти бештар ёфт. Дар соли 2015 Сулаймон Лоиқ барои эҳтиром ба рӯҳи дӯстони самимӣ ба Тоҷикистон сафар намуд ва мулоқоту суҳбатҳои дилнишин бо шоирону фарҳангиёни Тоҷикистон дошт.
Сулаймон Лоиқ ба Тоҷикистон ва мардуми он муҳаббати хос дошт. Вай гули сари сабади маҳфилҳои фарҳангии Сафорат ба ифтихори Наврӯз ва Меҳргон ва дӯсти арҷманди мо буд.
Шеъри ноби ӯ чун таҷаллии виҷдони бедор, корномаи ӯ барои эҷоди Академияи Улуми Афғонистон ва зиндагии сулҳомез ва шоистаи мардум мондагор хоҳад буд.
Меҳри ӯ ба кишвар ва мардуми мо доиман дар қалб ва ҳофизаи мо боқӣ хоҳад монд.
Рӯҳи ин устоди озода ва мубориз гиромӣ бод!
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.