Субҳи имрӯз участкаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз соати 6:00 дари худро боз кард ва маросими овоздиҳӣ дар Интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.
Комиссияи участкавӣ дар ҳайати 5 нафар аз ҳисоби кормандони Сафорат ташкил шуда, барои баргузорӣ ва ҷамъбасти ин чорабинии муҳим пурра омода мебошад.
Дар бинои Сафорат макони махсуси овоздиҳӣ мутобиқи талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо риояи меъёрҳои интихобот омода шудааст.
Маводи беҳдоштӣ, мавод барои дезинфексияи мунтазами бино ва муҳит дар рузи интихобот, ниқоб, дасткаш ва дигар маводи лозимӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус омода карда шудаанд.