Супоридани Эътимоднома ба Президенти Афғонистон

06.12.2020 12:21

6 декабри соли 2020 дар шаҳри Кобул маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъди Шарифӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Зимни маросим Сафир таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расонид.

М.А.Ғанӣ дар ин маросим бо ибрози таманниёти нек барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз таваҷҷуҳи хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ситоиш кард ва хоҳони тавсеаи бештари равобит дар ҳамаи заминаҳо миёни ду кишвари бародар шуд.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфиятҳои то ҳол истифоданашуда имконияти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд.

07-12.jpg

07-12-1.jpg

07-12-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg