Нависандаи номдори Афғонистони Раҳнавард Зарёб даргузашт

11.12.2020 17:25

Zaryab.jpg

11 декабри соли 2020 нависанда,  достоннавис,  рӯзноманигор, муҳаққиқи адабӣ ва собиқ Раиси Иттиҳоди нависандагони Афғонистони Раҳнавард Зарёб дар сини 77-солагӣ дар Кобул аз дунё даргузашт.

Устод Зарёб зодаи шаҳри Кобул буда, факултаи рӯзномнигории Донишгоҳи Кобулро хатм намуд ва сипас таҳсилоти худро дар ҳамин ришта дар Донишгоҳи Велзи Ҷанубӣ дар Британия идома дод.

Р.Зарёб беш аз 50 соли умри худро сарфи фарҳанги дарии форсӣ дар Афғонистон кард ва романҳои гаронбаҳо ва арзишманде навишт. Фарҳангиёни Афғонистони устод Зарёбро яке аз сахткӯштарин ва пуркортарин нависандагони даҳаҳои ахир дар кишвар хондаанд.

Устод Зарёб дар ҳоли навиштани романи "Зани бадахшонӣ" буд, ки нотамом монд. Вай муаллифи садҳо достон кӯтоҳ аст, ки дар як маҷмӯаи шашҷилдӣ гирд оварда шудаанд.

Романҳои маъруфи Зарёб иборатанд аз: "Сиккае, ки Сулаймон ёфт", "Гулнор ва ойина", "Дарвеши панҷум" ва ғайра. Ӯ филмномаи филми маъруфи мазҳакавии "Ахтари масхара"-ро дар соли 1981 навишта буд. Бисёре аз навиштаҳояш ба забони рӯсӣ низ мунташир шудаанд.

Китобҳо ва дигар таълифоти марҳум Раҳнавард Зарёб боиси шуҳрати вай дар хориҷ аз марзҳои Афғонистони, аз ҷумла Тоҷикистон,  Эрон ва Ҳинд шудаанд.

Даргузашти ин чеҳраи тобноки адабии Афғонистонро барои хонаводаи марҳум ва ҷомеаи фарҳангии кишвари дӯсту бародар тасаллият мегӯем.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg