Мулоқоти Сафир бо муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон

16.12.2020 09:07

15 декабри соли 2020 дар бинои Сафорат мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Шӯрои миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон Мирзо Абдулло Катавозай бо хоҳиши ҷониби афғонӣ доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо рӯи мавзӯи сафари дарпешистодаи Раиси Маҷлиси намояндагони ҶИА Мир Раҳмонӣ Раҳмонӣ ба Тоҷикистон ва баъзе масоили равобити дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

М.А.Катавозай таъкид кард, ки фаъолияти босамари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва гурӯҳи кории тиҷоратӣ байни ду кишвари дӯст метавонад заминаи рушди бештари равобити дуҷонибаро дар ҳамаи соҳаҳо фароҳам орад. Вай суботу оромиши пойдор ва пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистонро нишонаи талоши бунёдкоронаи роҳбарият ва мардуми тоҷик донист ва илова намуд, ки Тоҷикистон беҳтарин шароитро барои сармоягузории тоҷирону сарватмандони афғон (аз дохили Афғонистон ва аз берун) дорад ва бояд аз ин имкониятҳо ба нафъи ҳарду кишвар истифода шавад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Шарифӣ таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба масоили Афғонистон ёдовар шуд ва онро заминаи мустаҳкам барои рушди равобити дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ донист.

16-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg