Мулоқоти Сафир бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон

17.12.2020 14:13

16 декабри соли 2020 дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло доир гардид.

Дар мулоқот мавзӯи сафари дарпешистодаи А.Абдулло ба Тоҷикистон ва баъзе масоили ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

А.Абдулло Тоҷикистонро як ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва барои Афғонистон муҳим арзёбӣ кард ва ибрози умедворӣ намуд, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду кишвар ҳамроҳ хоҳад буд.

Сафири Тоҷикистон С.Шарифӣ пуштибонии кишварамонро аз давлат ва мардуми Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо ёдовар шуд ва сафари дарпешистодаи А.Абдуллоро ба Душанбе чун сафарҳои қаблиаш заминасози густариши бештари равобит миёни ду кишвари бародар донист.

Дар идомаи мулоқот вазъи имрӯзаи Афғонистон, таҳаввулот дар раванди сулҳ ва музокироти байниафғонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

17-12.jpg

17-12-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg