17 декабри соли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо намояндагони Утоқҳои тиҷорат ва саноеи Ҷумҳури Исломии Афғонистон баргузор гардид.
Тоҷирони афғонӣ таъкид намуданд, ки “ҳазорҳо тоҷири афғон, ки сармояи калон доранд, мехоҳанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, зеро ин кишвар ором ва ҳамсояи наздик аст, тоҷирони ду кишвар забони ҳамдигарро мефаҳманд ва аз ҳама муҳиммаш, барои якдигар бегона нестанд”. Онҳо дар ин росто хостори ба вуҷуд овардани шароит ва имтиёз аз тарафи Тоҷикистон барои тоҷирон ва сармоягузорони калони Афғонистон шуданд.
Қайд гардид, ки фазои сиёсии Афғонистон рӯз ба руз тағйир меёбад ва умеди мардуми Афғонистон ба сулҳи деринтизор зиёд мешавад. Аз ин рӯ фурсате фаро расидааст, ки заминаҳои мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ фароҳам оварда шавад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ зимни муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ва шароиту имконоти мусоиде, ки давлати мо фароҳам овардааст, тоҷирони афғонро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо риояи қонун ва меъёрҳои кишвари мо ташвиқ намуд.