Мулоқоти Сафир бо фарҳангиён

26.12.2020 17:45

24 декабри соли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо донишманди мумтоз, шоир ва нависандаи чирадасти Афғонистон  Бобаҷон Сайғонӣ ва муҳаққиқу ҷомеашиноси ин кишвар Зиёулҳақ Шамс баргузор гардид.

Зимни мулоқот қайд гардид, ки мардумони Тоҷикистону Афғонистон дорои арзишҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва динии муштарак мебошанд ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ҳамчун ойинаи арзишҳои муштарак ба нафъи ҳарду икшвар аст. Тӯли қариб сӣ сол таҷрибаи хуби густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвари бародар касб шудааст ва ин таҷриба бояд ба таври густурда таҳким ва тавсеа ёбад.

Таъкид карда шуд, ки қабл аз ҳама, ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф  хеле муҳимманд. Дар ин ростро, теъдоди зиёди донишҷӯёни афғонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон тибқи бурсия ё стипения таҳсил менамоянд.  Зикр шуд, ки ба мақсад мувофиқ  мебуд, агар дар мавриди тайёр кардани мутахассисони соҳаи илм байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон ҳамкории бештар сурат гирад.

Мусоҳибон дар поёни мулоқот иброз намуданд, ки баъди ба эътидол омадани вазъияти пандемикии COVID-19 аз ҳар ду ҷониб дар мавриди иқдомҳои фарҳангӣ мусоидат сурат гирад ва риҷоли фарҳангии ду кишвар бо ҳам бештар табодули афкор намуда, дар  густариши муносибатҳои фарҳангӣ саҳим бошанд.    

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg