27 декабри соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дустӣ ва табодули сафарҳои расмию кории маҷлисҳои намояндагони Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муштаракоти фаровони таърихию фарҳангӣ, сарҳади тӯлонӣ ва фазои ҳамсоягии нек ба Тоҷикистону Афғонистон имкон додааст, ки равобити худро дар ҳамаи заминаҳо тавсеа бахшанд ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои зербиноӣ, ки барои ҳарду кишвар ва минтақа фоидаовар мебошанд, беш аз пеш тақвият намоянд.