Mулоқоти Сафир бо Вазири умури хориҷаи ҶИА

06.01.2021 13:12

04 январи соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардид ва тайи он таҳкими ҳамкориҳо ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.

Сафир қайд намуд, ки Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон на танҳо алоқамандии хос бар мабнои ҳадафҳои мутақобилан судманд зоҳир менамояд, балки бо Афғонистон решаҳои амиқи қавмию нажодӣ дорад. Мисоли равшани он талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон мебошад.

Яке аз мавзӯъҳои вохӯрӣ баррасии рӯзномаи мулоқоти сеҷонибаи маҷозии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар таърихи 7 январ буд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон зимни мизбонии Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECA –V, 26-27.03.2012) бастаи лоиҳаҳои муҳим пешниҳод намуд, ки самтҳои боаҳамияти ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамсояро дар соҳаҳои зерсохторӣ, коммуникатсия, захираҳои обу энергетика ва тайёр кардани мутахассисон дар бар мегирад.

07-01.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg