Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бинои Сафорат дастаҷамъона тамошо карданд. Мазмуну муҳтавои Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзу эҳтироми истиқлолияти давлатӣ ва ормонҳои халқи Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ баҳри ободонии Ватани азизамон, баланд бардоштани сатҳи таъмини иҷтимоии аҳолӣ ва қишри осебпазири ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, равона гардида буд.
Яке аз самтҳои муҳимми Паём муайян намудни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дипломатҳои тоҷик татбиқи онро дар самти роҳандозии мавридшиносона ва мақсадноки сиёсати хориҷии кишвар, таъмини ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва боло бурдани мақому манзалат ва нуфузу обрӯи кишвар аз вазифаҳои муҳимми хеш мешуморанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми қариб 30 соли соҳибихтиёриаш имконияти васеъ пайдо намуд, то сиёсати дохиливу хориҷии хешро самаранок ва озодона бидуни мудохилаи дигар мамлакатҳо мувофиқи манфиату иродаи халқи Тоҷикистон муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро боз ҳам рушд ва густариш диҳад.
Вазорати корҳои хориҳи ва намояндагиҳои хориҷии он минбаъд низ муносибатҳои дӯстонаро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасози худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ рушду инкишоф диҳад.