Мулоқоти Сафир бо Ҳомид Карзай

03.02.2021 13:52

2 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Президенти собиқи кишвари иқомат ва яке аз чеҳраҳои фаъол ва таъсиргузор дар равандҳои сиёсӣ - Ҳомид Карзай доир гардид.

Сафири Тоҷикистон саломҳо ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Ҳомид Карзай расонид. Ҳ.Карзай бо эҳтироми хоса зикр намуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои наздики дӯстӣ дорад. Вай илова кард, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистонро ба гулистон табдил дод, балки барои минтақа низ шахсияти беназир маҳсуб мешавад. 

Сафир музокирот байни ҳайати ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон ва оғози фаъолияти Шӯрои олии мусолиҳаи миллиро (ки Ҳ.Карзай аз аъзои таъсиргузори он аст) муждаи нек дар амри истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Афғонистон донист.

Мавзӯъҳои густариши муносибатҳо миёни ду кишвари бародар, таҳкими марзҳо, рушди тиҷорату сармоягузорӣ, рафтуомади ҳайатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, инчуни нақши Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон дар фазои самимӣ мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифтанд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фаровони мардуми Тоҷикистону Афғонистон, истифода аз дипломатияи мардумӣ, сафар ба минтақаҳои гуногуни Афғонистон ва дидор бо шахсиятҳои илмию фарҳангӣ боиси густариши бештари муносибатҳо байни ду кишвари бародар мегардад.

Didor-bo-Karzai.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg