Даргузашти Шарофиддин Имом

10.02.2021 00:03

SH-Imom.jpg

Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 2008-2020) Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода 9 феврали соли 2021 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Мавсуф доктори илмҳои таърих, профессор ва аз афғонистоншиносони матраҳи кишвар буда, дар рушди илми таърихшиносӣ ва дипломатияи тоҷик саҳми босазо гузоштааст.

Сафорат ба хонавода ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ менамояд.

Рӯҳи устод Шарофиддин Имом шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg