Гиромидошти хотираи марҳум Шарофиддин Имом

13.02.2021 01:03

Рӯзи 11 феврали соли 2021 дар шаҳри Кобул иҷлоси шашуми “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ дар Афғонистон” бо иштироки Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат М.Атмар, Вазири давлат дар умури сулҳ С.Нодирӣ, Вазири ҳаҷ ва авқоф М.Ҳалимӣ, Мушовири аршади Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ М.Мастур ва сафирону намояндагони кишварҳои хориҷии муқими Кобул баргузор гардид.

Ширкаткунандагон дар поёни нишаст хотираи марҳум Шарофиддин Имом (Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон солҳои 2018-2020)-ро гиромӣ доштанд ва бо даъвати Вазири корҳои хориҷии ҶИА М.Атмар барояш дастаҷамъона дуо карданд.

Ёдовар мешавем, собиқ Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Шарофиддин Имом 9 феврали оли 2021 дар шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид.

Giromidosht.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg