Ҷаласаи сафирони “Қалби Осиё-раванди Истанбул” дар Кобул

25.02.2021 20:43

25 феврали соли 2021 дар шаҳи Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои аъзои “Қалби Осиё-раванди Истанбул” баргузор гардид.

Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҶИА Мирвайс Ноб зимни қадрдонӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур ва кумаку дастгири ҳамешагии Афғонистон, хоҳони он шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба Афғонистон, бахусус дар мавриди иҷмои минтақавӣ барои сулҳ густариш ёбанд, то заминаи сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Сафири ҶТ дар ҶИА Саъдӣ Шарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани нишасти коршиносони аршад ва Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” дар таърихи 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе (бо зикри тартиб, шароит ва ҷузъиёти баргузорӣ) эълон намуд ва хостори иштироки фаъоли кишварҳо гардид.

Сипас, ширкаткунандагон лоиҳаи санадҳои марбут ба Конфронси нуҳуми вазирон - Эъломияи Душанбе, тавсеаи имкониятҳо барои занон, мудирият ва пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи Чораҳои эътимодсозии “Қалби Осиё-раванди Истанбул”-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.          

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg