Мулоқоти Сафир бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

26.02.2021 02:58

25 феврали соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Мирвайс Ноб мулоқот намуд.

Сафири Тоҷикистон С.Шарифӣ аз М.Ноб ба хотири ҳамкорӣ дар баргузории нишасти сафирони “Қалби Осиё-раванди Истанбул” дар Кобул (25.02.21) қадрдонӣ кард ва равобити ду кишварро дар ҳамаи заминаҳо дар ҳоли рушд қаламдод намуд. С.Шарифӣ инчунин таъкид кард, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омодаи баргузории даври навбатии Машваратҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон буда, интизори сафари ҳайати афғонӣ таҳти сарпарастии М.Ноб ба Душанбе мебошад.

Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҶИА М.Ноб ҳам бо хушунудӣ қайд кард, ки равобити Тоҷикистону Афғонистон уфуқҳои равшан дорад ва дар оянда беш аз гузашта густариш хоҳад ёфт. М.Ноб омодагии худ ва ҳайати ВКХ ҶИА-ро барои сафар ба Тоҷикистон эълон кард ва изҳори умед намуд, ки Машваратҳои дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии бештарро барои густариши равобити ду кишвар, бахусус байни ду вазорат фароҳам меорад.

11111.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg