Мулоқоти Сафир бо мудири ширкати ҳиндии “Транс-рейл” дар Афғонистон

28.02.2021 00:12

27 феврали соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо мудири ширкати “Транс-рейл” дар Афғонистон Б.Бҳуён мулоқот намуд. Ширкати мазкур як ширкати ҳиндустонӣ буда, даҳ сол боз дар Афғонистон дар бахши энергетика фаъолият менамояд

С.Шарифӣ зимни суҳбат фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳо ва имтиёзҳои давлати мо барои сармоягузорони хориҷӣ, инчунин муҳити амну осоиштаи кишварро муарифӣ намуда, ҳамкории ширкати “Транс-рейл”-ро дар Тоҷикистон дар бахши энергетика ба нафъи ҳарду ҷониб донист.

Мудири ширкати “Транс-рейл” дар Афғонистон Б.Бҳуён алоқамндии худро барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон (чӣ лоиҳаҳои дохилии Тоҷикистон ва чӣ лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон) эълон намуд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки пешниҳодҳои матраҳшударо мавриди омӯзиш қарор дода, самти ҳамкориҳои ояндаи ин ширкати муътабари ҳиндустониро дар Тоҷикистон муайян намоянд.

2222h2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg