Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири НАТО дар Афғонистон

13.03.2021 13:40

13 март дар Сафорати Тоҷикистон дар Кобул мулоқоти Сафири  Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ бо Сафири (намояндаи ғайринизомии) НАТО дар Афғонистон Стефано Понтекорво баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи амниятӣ ва раванди сулҳи Афғонистон, нақш ва кумаки Тоҷикистон дар ин раванд, инчунин Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” (Душанбе-30.03.21) табодули назар карданд.

С.Понтекорво нақши Тоҷикистонро дар раванди сулҳи Афғонистон ва умуман дар саҳнаи ин кишвар бисёр боарзиш хонд ва талошҳои бедареғ ва содиқонаи роҳбарияти Тоҷикистонро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон мавриди ситоиш қарор дода, идомаи ин гуна пуштибонии Тоҷикистонро ба нафъи мардуми Афғонистон ва шарикони байналмилалии он донист.

Сафири Тоҷикистон бо шарҳи мавқеи расмии давлати Тоҷикистон дар мавриди раванди сулуҳ ва дигар масоили муҳимми Афғонистон, талоши муштараки ҳамсояҳо ва шарикони байналмилалии Афғонистонро ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳ ва пуштибонии давомдор аз давлат ва мардуми ин кишвар хостор шуд. С.Шарифӣ зикр кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамсоягӣ ва арзишҳои муштараки фаровон миёни Тоҷикистону Афғонистон, давлати Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат сулҳу оромиши Афғонистонро ба нафъи худ медонад ва аз раванди сулҳ пуштибонӣ менамояд.

Safir-va-NATO.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg