16 марти соли 2021 дар шаҳи Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласае дар доираи “Қалби Осиё-раванди Истанбул” бо ҳузури сафирону намояндагони кишварҳои аъзо (15 кишвар) ва кишварҳову созмонҳои мададрасон (28 кишвар ва созмон) баргузор гардид.
Ин нишаст идомаи нишастҳоли қаблӣ барои ниҳоисозии лоиҳаи Эъломияи Душанбе буд. Дар он Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҶИА Мирвайс Ноб ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИА Саъдӣ Шарифӣ ҳамчун намояндагони ду кишвари ҳамраис, охирин ҷузъиётро дар бораи омодагиҳо ба Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хорҷии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” (Душанбе-30.03.21) дар ихтиёри ҳозирон гузоштанд.
Сипас, ширкаткунандагон лоиҳаи Эъломияи Душанберо, ки қарор аст, тавассути вазирон дар Душанбе қабул шавад, ба баҳс кашиданд. Пас аз рафъи ихтилфи назарҳо, ки дар нишасти қаблӣ (25.02.21) матраҳ шуда буданд, қарор шуд, пешнависи Эъломия барои охирин баррасиҳо ба нишасти коршинсони аршади “Қалби Осиё-раванди Истанбул” (Душанбе-29.03.21) пешниҳод карда шавад, то барои имзои вазирон омода гардад.