30 марти 2021 дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор мегардад. Дар назар аст, ки ҳамоиши вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” бо суханони ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз шавад.
Дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст.
Дар остонаи Конфронс 29 март нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мешавад.
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ. “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, Конфронси якуми он дар Истанбул 2 ноябри 2011 барпо шудааст. То имрӯз конфронсҳои вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Истанбул (2011), Кобул (2012), Алмато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2016), Боку (2017) баргузор гардидаанд. 9 декабри 2019 дар Истанбул нишасти вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” таҳти унвони “Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ” баргузор гардид ва дар он пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мизбонии Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Душанбе пазируфта шуд.
Дар назар аст, ки дар поёни Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардад.
Эзоҳ:
Маълумоти бештар дар бораи Конфронс дар ин пайванд дастрас аст.