Нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”

29.03.2021 12:57

29 марти 2021 дар Душанбе нишасти кормандони аршади  “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардид.

Нишаст бо суханони шодбошии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб ба сифати раисони нишаст оғоз шуд.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар нишаст инчунин пешнависи санади ниҳоӣ - Эъломияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

29-03-21-1.jpg

29-03-21-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg