Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Душанбе

29.03.2021 12:21

29 марти 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони Қалби Осиё-Раванди Истамбул ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст, ки музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гарданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg