Қадрдонии Президенти Афғонистон аз Ҳукумати Тоҷикистон

04.04.2021 00:36

Бегоҳии 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафирон ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва исломӣ дар иқоматгоҳи худ дар Кобул мулоқот доир намуд. Дар мулоқот муовинони якум ва дуюми Президент Амрулло Солеҳ ва Сарвар Дониш, инчунин Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдулло Муҳиб, Вазири корҳои хориҷӣ Муҳаммадҳаниф Атмар, Роҳбари дастгоҳи Президент Шокир Коргар ва дигар мақомоти расмии Афғонистон ҳузур доштанд.

М.А.Ғанӣ дар ибтидо сафари расмии худро ба Тоҷикистон (29-30.03.21) бисёр боаҳамият ва барои ҳарду кишвар муфид хонд. Сипас аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири мизбонии сатҳи олӣ ва бо муваффақият баргузор намудани Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” (30.03.21) қадрдонӣ намуд.

Президенти ҶИА дар идома Нақшаи роҳи ҳукумати Афғонистонро барои сулҳ бо гурӯҳи Толибон дар остонаи нишасти сулҳи Афғонистон дар Истанбули Туркия (16.04.21) муаррифӣ кард. Вай дар ин росто таъкид намуд, ки хоҳони тағйири қудрат дар кишвар танҳо аз роҳи конститутсионӣ аст ва барои ин ҳозир аст, ки интихоботи пешазмуҳлати президентӣ (агар лозим шавад, ҳатто дар муддати се ё шаш моҳи оянда) баргузор намояд. М.А.Ғанӣ таъкид кард, ки ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистон, чуноне баъзе кишварҳо мехоҳанд, дар асл бозгашт ба 20 сол пеш аст ва барои мардум фоида надорад.

Didor-bo-GHani-03-04-21.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg