Сафари Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ба шаҳри Қандаҳор

13.04.2021 01:56

Рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2021 Сафири ҶТ дар ҶИА С.Шарифӣ ба шаҳри Қандаҳор сафар намуд. Дар дар ҷараёни ин сафар мулоқоти Сафир бо волӣ (раиси вилоят), ҳайати Шӯрои вилоятӣ, раёсати Донишгоҳи Қандаҳор, раёсат ва аъзои утоқҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва маодин, инчунин шахсияти маъруфи кишвар, вазири шаҳрсозӣ ва заминҳои ҶИА Маҳмуд Карзай сурат гирифт. Ҳамчунин, Сафир аз чанд иттиҳодияи истеҳсолию тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва беморхонаи наву бузург ва комилан замонавии “Муҳманд” ва корхонаи бузурги истеҳсоли дору “Сноу-фарм”, инчунин аз чанд макони таърихию фарҳангии шаҳри Қандаҳор боздид ба амал овард.

Сафири ҶТ дар ин мулоқотҳо имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, фазои амну осоишта ва шароити имтиёзӣ, ки давлати Тоҷикистон барои сармоягузорон фароҳам овардааст ва дигар хусусиятҳои Тоҷикистонро муфассал тавзеҳ дод. Сафир таъкид намуд, ки равобит ва эътимоди дуҷониба миёни ду кишвари бародар Тоҷикистону Афғонистон дар олитарин сатҳ қарор дорад ва ин гуна фазо заминаро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Қандаҳор ҳамчун маркази минтақавии ҳавзаи ҷанубу ғарби Афғонистон (вилоятҳои Қандаҳор, Нимрӯз, Ҳилманд, Зобул, Урузгон ва Дойкундӣ) ва бо доштани собиқаи чандсадсолаи шаҳрдорию тиҷоратӣ (Қандаҳор дар оғози ташкилёбии Афғонистон дар соли 1747 пойтахти он буд ва то кунун тамоми раҳбарони Афғонистон аз ҳамин вилоятанд), дорои имконот ва зарфиятҳои бузурги тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад.

Волии Қандаҳор ва дигар масъулони ин вилоят аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар тамоми арсаҳо дар солҳои охир ситоиш кардан ва онро барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон омӯзанда донист. Онҳо субот ва оромиши пойдори Тоҷикистонро омили аслии пешрафтҳои рӯзафзуни кишвари мо хонда, хостори омӯзиши таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg