Мулоқоти Сафир бо муовини якуми Президенти Афғонистон

18.04.2021 17:43

18 апрел дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо муовини якуми Президенти Афғонистон Амрулло Солеҳ доир гардид.

А.Солеҳ дар ибтидо қадрдонии махсуси Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро аз Тоҷикистон ба хотири пазироии гарм аз Президенти Афғонистон ва мизбонии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” (29-30.03.2021) ба ҷониби Тоҷикистон расонд. Вай дар идома таъкид намуд, ки робита миёни Тоҷикистон ва Афғонистон робитаи хос буда, реша дар муштаракоти таърихию фарҳангӣ дорад ва ду кишвар дар ҳамаи созмонҳои минтақаиву байналмилалӣ пуштибони якдигар ҳастанд. А.Солеҳ иброз дошт, тибқи тавофуқи сарони Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе, ду кишвар ҳамкориҳои худро барои рафъи таҳдидҳои муштарак дар сарҳад беш аз пеш тақвият мебахашанд.

Сафири Тоҷикистон С.Шарифӣ зимни суҳбат таваҷҷуҳи хосси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мавзӯи Афғонистон ёдовар шуда, ҳимоятҳои доимии Тоҷикистонро аз давлати Афғонистон дар тамоми самтҳо, бахусус дар раванди кунунии сулҳ бори дигар мавриди таъкид қарор дод.

Ҷонибҳо дар идома роҷеъ ба вазъи ҷории Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуданд.

Safir-bo-A-Soleh-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg