Мулоқоти Сафир бо Раиси Мишрону Ҷирга (Маҷлиси миллӣ)-и Афғонистон

20.04.2021 17:59

19 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Мишрону Ҷиргаи (Маҷлиси миллӣ/сенат) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фазлҳодӣ Муслимёр баргузор гардид.

Раиси Мишрону Ҷиргаи Афғонистон бо ишора ба ҳамсоягии нек ва равобити густурда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон иброз намуд, ки дар давоми тамоми солҳои ҷанги давомдор дар Афғонистон аз мардум ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст, зеро ҳамеша дар талоши хатми ҷанги Афғонистон буданд. Вай муносиботи ҳасанаи ду кишвари бародарро барои якдигар бисёр арзишманд хонд.

Сафир дар ин мулоқот қайд кард, ки ташкили Гурӯҳи дустии парлумонӣ, фаъол намудани муносибатҳои байнипарлумонӣ ва табодули боздидҳо байни гурӯҳҳои дӯстӣ аз омилҳои муҳимми таҳкими муносибот миёни ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб мераванд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки анънаҳои таҳкими равобити густурда миёни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маҷлиси сенати Афғонистон ривоҷ ёбанд.

Сипас мулоқти ҷудогонаи Сафир бо муовини якуми Раиси Мишрону Ҷиргаи Афғонистон Муҳаммадалам Эзидёр доир гардид ва дар он роҷеъ ба пайгирии тавофуқҳои дуҷониба ва густариши равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

20-04-21-1.jpg

20-04-21-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg