Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири конҳо ва нафти Афғонистон

22.04.2021 15:40

21 апрел  мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо вазири маодин ва петрулиюм (конҳо ва нафт)-и Афғонистон Муҳаммадҳорун Ҷаҳонсурӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Вазорати саноат ва технилогияҳои нав, Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Вазорати маодин ва петрулиюми Афғонистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, канданиҳои фоиданок, нафту газ, сангу фулузоти қиматбаҳо ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафир таъкид намуд, ки  мо мақсад дорем дар самти дастрас намудани нафт барои корхонаи коркарди нафти “Данғара” (бо иқтидори коркарди 1,2 миллион тонна нафти хом дар сол) ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монем.

М. Ҷаҳонсурӣ қайд намуд, ки аслан Тоҷикистон барои мо як кишвари дӯсту бародари самимӣ маҳсуб мешавад ва мо омодаи ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои зертобеамон ҳастем.

Зимни мулоқот масъалаи омода кардани мутахассисон дар бахши иктишофу истихроҷ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

22-04-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg