Мулоқоти Сафир бо вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон

27.04.2021 19:15

27 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон Нисораҳмад Ғӯриёнӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, нафту газ, иктишоф ва истихроҷи маъдан мавриди муҳокима қарор гирифт.

Н. Ғӯриёнӣ изҳор намуд, ки тасмим дорад анқариб бо ҳайати 10-нафараи тоҷирони муваффақи Афғонистон ба Тоҷикистон сафар намояд ва бо мақомоти Тоҷикистон перомуни таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбатҳо дошта бошад.  

Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда метавонем дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳо равобити мутақобилан судманд муваффақиятҳои назаррас ба даст орем.

Дар мулоқот зикр гардид, ки масъалаи иктишоф, истихроҷ ва интиқоли нафту гази Шибирғон (барои корхонаи коркарди нафти Данғара) ва флюорити Афғонистон барои ҳарду кишвар муфид хоҳад буд ва аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳарду кишвар, ки ба ин соҳа машғуланд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Таъкид гардид, ки Саридораи геологияи Тоҷик дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва аз имкониятҳои қобили мулоҳизаи технологӣ бархӯрдор аст.

27-04-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg