Мулоқоти Сафир бо вазири иқтисоди Афғонистон

30.04.2021 16:52

29 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири ҶТ дар ҶИА бо вазири иқтисоди Афғонистон Карима Ҳомид Форёбӣ баргузор гардид.

Вазири иқтисоди ҶИА дар оғоз таассуроти некашро аз сафар ба Тоҷикистон, иштирок дар Нишасти нуҳуми вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, мулоқот бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ ва боздид аз шаҳри Душанбе баён кард.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, то  ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, нафту газ, иктишофу истихроҷ, коркарди маъдану захираҳои зеризаминӣ, сектори хусусию  давлатӣ, сохтмони роҳҳои оҳану нақлиёти автомобилӣ, истифодаи босамари минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироту воридоти маҳсулоти тавлидотӣ (саноатӣ, нассоҷӣ, ҳунарҳои дастӣ, сохтмонӣ, ороишӣ, озуқаворӣ, сӯзишворӣ, тиббӣ ва варзишӣ) густариш ёбанд.    

Ёдоварӣ гардид, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (29-30 марти соли 2021) байни вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати санъат ва тиҷорати Ҷумҳирии Исломии Афғонистон Протоколи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расид.

Вазири иқтисоди ҶИА зикр намуд, ки дар Афғонистон ғайр аз ҳавзаи нафту гази Шибирғон ҳавзаи нафтии таҳшини Афғон-Тоҷик  бо масоҳати 31000 километри мураббаъ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон (Тахор, Кундуз, Балх ва қисман Ҷавзҷон)мавҷуд аст.

Таъкид гардид, ки соли 2014 перомуни дар мавзеи Айвоҷи Тоҷикистон ва рӯбарӯи он дар Афғонистон эҷод кардани бандар баррасиҳое сурат гирифта буд. Зимни баррасӣ пайвасти хатти лӯлаи гази Шибирғон ба хатти лӯлаи гази Ӯзбекистон-Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, вале он амалӣ нашуд. Ҳоло фурсате расидааст, ки ин тарҳ мавриди муҳокима қарор гирад.

30-04-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg